ИҶЛОССИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ “ДАВЛАТИ МОРО АЗ ХАТАРИ БАЙН РАФТАН ВА МИЛЛАТАМОНРО АЗ ПАРОКАНДА ШУДАН НАҶОТ БАХШИД”

by Тоҷикзамин

Суханронии Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.11.2012 11:05, шаҳри Душанбе

(аз саҳифаи www.president.tj)

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд.

Бинобар ин, бо камоли самимият бистумин солгарди ин иҷлосияи таърихиро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон, ки дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми бузург гузоштаанд, самимона табрик гуфта, барояшон муваффақияту комёбиҳои шоиста орзу менамоям.

Имрӯз бо гузашти бист сол барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рӯйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дурнамои тараққиёти он хулосаҳои зарурӣ барорем.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

Ифтихор аз он, ки маҳз ҳамин иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.

Масъулияти бузург дар он зоҳир мегардид, ки мо вазифаҳои муҳиму таърихии ба дӯшамон вогузор намудаи ин иҷлосияи сарнавиштсозро бояд иҷро мекардем.

Хушбахтона, мо тавонистем бо такя ба хиради азалӣ ва дастгирии мардуми бонангу номуси тоҷик вазифаҳои муайяншударо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ сарбаландона амалӣ намоем.

Иҷрои ин вазифаи муҳимро мо як ҷузъи ҳисоботи худ дар назди Ватан, давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон меҳисобем.

Бояд зикр намоям, ки эҳёи давлатдории миллӣ аз масъалаҳои меҳварии таърихи муосири мо ба шумор мерафт, зеро бе мавҷудияти давлати миллии мустақил амалӣ гардидани орзуву ормони деринаи халқи тоҷик ва ҳадафу барномаҳои Ҳукумати кишвар ғайриимкон буд.

Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки барои мо имконияти давлатдории миллӣ баъди ҳазор сол муяссар гардид.

Худатон андеша кунед, ки агар ин давлати ҷавон дар гирдоби ғаразҳои бадхоҳони миллати тоҷик фурӯ мерафт, рӯҳи ниёгон ва наслҳои ояндаи миллат моро ҳаргиз намебахшиданд.

Дар он вазъияти мураккабу хавфноки соли 1992 ягона умеди баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ ба таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон вобаста буд.

Зеро дар он лаҳза Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.

Сарфи назар аз шароити вазнини сиёсии баамаломада қувваҳои солими ҷомеа, нерӯҳои сулҳҷӯй, ашхоси худогоҳу ватандӯст ва некхоҳи ҷомеа зарурати ҳарчи зудтар даъват намудани иҷлосияи навбатиро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ нисбат ба тақдири минбаъдаи насли имрӯзу фардои Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос менамуданд.

Зеро ҳамагон дарк менамудем, ки ба таъхир гузоштани масъалаи даъвати иҷлосия боиси боз ҳам аланга гирифтани оташи ҷанги бародаркушӣ, мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ ва парокандашавии миллат мегардид.

Зиёда аз ин, ҳар як гурӯҳи силоҳбадаст ният дошт, ки бо истифода аз вазъи беҳокимиятӣ ҳадафҳои нопоки хешро амалӣ созад.

Дар чунин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ мақсади ягонаи роҳбарияти нави Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хомӯш кардани оташи ҷанг, пешгирии хунрезӣ ва наҷот додани давлату миллат аз бадбахтиву парокандагӣ буд.

Хушбахтона, ба шарофати иҷлосия ин рисолати таърихӣ иҷро гардида, давлатдории миллиамон аз вартаи фалокатбор раҳо ёфт. Танҳо худи ҳамин далел басанда аст, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакатро аз муҳимтарин зуҳуроти тақдирсози таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ намоем.

Омили муҳимтарине, ки бе он давлату давлатдорӣ вуҷуд дошта наметавонад, ин тамомияти ҳудудӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар он рӯзҳои даҳшатбор нақшаи ба қисматҳо пора намудани давлати нави тоҷикон ба миён гузошта шуда буд.

Инчунин дар он солҳо низоми идоракунии давлатӣ ва сохторҳои ҳокимият фалаҷ гардида буданд. Яъне тақдири мавҷудияти давлати миллии тоҷикон зери хатари воқеӣ монда буд.

Таърих гувоҳ аст, ки низоъҳои дохилии давомдор ва бесалоҳиятии ҳокимияти марказӣ боиси парокандагӣ ва нобудшавии миллатҳо ва давлатҳо мегардад.

Бо истифода аз чунин вазъият дар Тоҷикистон ин нақшаро на танҳо доираҳои муайяни хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар татбиқи он нахустин қадамҳои худро гузошта буданд, ки ҳамаи мо инро хуб дар хотир дорем.

Шаҳри Душанбе моҳияти сиёсии худро ҳамчун пойтахти кишвар ва хонаи умеди тамоми мардуми Тоҷикистон аз даст дода буд.

Бинобар ин, Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Қасри Арбоб, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, доир гардид ва аз ҳамин ҷо иқдомҳои аввалин ҷиҳати барқарории сулҳ ва ҳокимияти конститутсионӣ оғоз ёфтанд.

Иҷлосияи шонздаҳум имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.

Ба шарофати иродаи созандаи мардум дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат ва дастгирии халқи тоҷик ягонагии Тоҷикистон таъмин ва пойтахти кишвар аз маркази муноқишаҳои сиёсиву муқовимати шаҳрвандӣ ба гаҳвораи ташаккули ваҳдати миллӣ мубаддал гардид.

Ин дастовард низ ҳамчун самараи ояндасози иҷлосия дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон абадан сабт хоҳад гашт.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд. Ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашҳо ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошта шуд.

Пас аз баргузории иҷлосияи таърихӣ аён гардид, ки роҳбарияти нави давлат омода аст барои таъмини сулҳ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешад ва дар ин кор азму иродаи қавӣ дорад.

Дар ҷараёни кори иҷлосия мо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманди тарафайн дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тарафдори таъмини ҳаёти осудаҳолона ва шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Ҷомеаи ҷаҳон зимни таваҷҷӯҳ ба кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамфикриву ҷонибдориашро аз санадҳои қабулшуда ва азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ баён намуд.

Аз ин хотир, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Санадҳое, ки дар он қабул шуданд, ҳам барои халқи тоҷик ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти таърихӣ доштанд.

Қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар мафкураи ҳар як сокини Тоҷикистон нақши муҳим гузошта, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба корҳои созандагӣ ҳидоят намуданд, орзуву ормони халқро ба сохтори давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардиданд.

Дар баробари ин, Иҷлосияи шонздаҳум барои эҳё ва барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он заминаи мусоид фароҳам овард.

Ба ёд оваред, ки вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксарияти сокинони мамлакат дар ҳолати тарсу ҳарос буданд, ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд.

Маҳз ба шарофати ин иҷлосия мо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат тавонистем, ки сохти конститутсиониро барқарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем.

Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабулшуда ва иқдомоти пайвастаи роҳбарияти нави сиёсии интихобгардида барои хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти аркони давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва оғози раванди бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI-ми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон ворид карда шуданд, ки аз як тараф мутобиқ ба талаботи замони нав буда, аз сӯи дигар барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузоштанд.

Дар ин давра на танҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксари минтақаҳои ҷангзадаи кишвар мақомоти маҳаллии ҳокимият низ пурра барқарор карда шуданд.

Ҳамдигарфаҳмии аксарияти кулли вакилони иҷлосия, муттаҳид будани онҳо дар самти дарку эҳсоси якдилонаи масъалаҳои муҳиму тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда боиси минбаъд таъмин гардидани заминаи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардиданд. Яъне ба маънии дигар, дар он давраи мураккаби сиёсии мамлакатамон Иҷлосияи шонздаҳум нахустин иҷлосия буд, ки аксари вакилон дар атрофи Раёсати Шӯрои Олӣ муттаҳид гардида, санаду ҳуҷҷатҳои баррасишавандаро дастаҷамъона дастгирӣ мекарданд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар ягон иҷлосияи дигар вакилони мардумӣ мисли иҷлосияи шонздаҳум муттаҳид ва фаъол набуданд. Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҳамаи ширкаткунандагони иҷлосия ва шахсоне, ки барои баргузор гардидани он кӯшиш ба харҷ додаанд, миннатдории худро баён намоям.

Дар марҳалаи баъдӣ иҷлосияи шонздаҳум моро ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, ба рушду такомули он такони ҷиддӣ бахшид. Ғояҳои сулҳу оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ паёмҳое буданд, ки аввалин бор дар ҳамин иҷлосия садо дода, баъдан ҷавҳари фаъолияти роҳбарияти тозаинтихоби кишварро ташкил намуданд.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буданд, таҳмилгарони ҷанги шаҳрвандӣ аз хориҷ ва дохили кишвар аз нақшаҳои ғаразноки худ даст намекашиданд.

Бинобар ин, дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 гуфта будам, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…»

Ҳамчунин иброз дошта будам, ки «ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором кунем ». Ва ҳеҷ гоҳ ин суханони худро аз ёд намебарорам .

Воқеан, мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ тақрибан як миллион нафар гурезаро ба Ватан баргардонида, садҳо ҳазор манзили вайрону валангор, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва иншооти дигари харобгардидаро, ки дар маҷмӯъ даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил мекард, бо азму талоши мардуми созандаву ободкорамон таъмир ва барқарор намоем.

Мехоҳам зикр намоям, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва пойдор гардидани сохти конститутсионӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон ҷони худро аз даст доданд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираи халқ фаромӯш нахоҳанд шуд.

Ниҳоят, пас аз панҷ соли талошҳои шабонарӯзӣ бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки соли равон 15 – солагии ин санаи таърихии ояндасозро бо ифтихор ҷашн гирифтем.

Таҳлили роҳи ноҳамвор ва пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон сӯҳбати тӯлониро мехоҳад. Вале ман ҳоло мехоҳам ду нуктаро махсус таъкид намоям.

Аввалан, сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама натиҷаи талошу заҳмати самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик, пирӯз шудани хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Дигар ин, ки ҷиҳати ноил шудани мардуми тоҷик ба ин рӯзи саид кишварҳои ба мо дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ низ саҳми муносиб гузоштанд.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, миннатдории мардуми Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои дар кишвари мо фаъолияткардаи он, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин ба кишварҳои кафили сулҳ иброз медорам. Халқи тоҷик дастгирии беғаразонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Дӯстони азиз!

Дар заминаи қарорҳои таърихӣ ва рӯҳияи ваҳдатсози Иҷлосияи шонздаҳум ба мо муяссар гашт, ки таҳкурсии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварем.

Манзури ман, дар навбати аввал, сохтмони роҳҳои мошингарди аҳамияти дохиливу байналмилалидошта, нақбҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва амсоли инҳо мебошад.

Роҳҳо, пеш аз ҳама, аҳамияти иқтисодӣ ва иртиботиву иҷтимоӣ доранд. Вале вақте ин иншооти ҳаётан муҳим сохта мешуданд, мо илова ба барномаҳои иқтисодӣ ҳадафи ҷиддитареро дар назар доштем, ки роҳҳо чун рагҳои хунгард Ватани моро ба кишвари ягона ва миллати моро ба миллати воҳид табдил медиҳанд.

Зеро роҳ пайвандгари қалбҳо маҳсуб ёфта, суннату фарҳанги минтақаҳои гуногуни кишварро бо ҳам наздик менамояд ва дар ташаккули ваҳдати миллӣ нақши муҳиму арзишманд мебозад.

Чунонки огоҳ ҳастед, чанд рӯз пеш бо ифтитоҳи нақби “Шаҳристон” кишвари мо аз бунбасти нақлиётӣ баромада, иртиботи доимии минтақаҳои он таъмин карда шуд.

Худ қазоват кунед, дар кишваре, ки минтақаҳои он дар як сол қариб шаш моҳ бо ҳам робитаи наздик надошта бошанд ва мардуми он аз ҳоли ҳамдигар бехабар монанд, чӣ гуна метавон ваҳдати миллиро ҳифз кард ё онро таҳким бахшид?

Маҳз робитаи ҳамешагӣ тафаккури мардумро аз доираи маҳдуди деҳаву маҳал ва минтақа берун оварда, иттиҳоди воқеии миллат ва ягонагии кишварро таъмин менамояд.

Дар ин давра ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро ба вуҷуд орад, ки он на танҳо омили баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, балки яке аз василаҳои таъмини амнияти миллӣ низ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, ба мо муяссар гашт, ки шабакаҳои сартосарии иттилоърасониро дар сатҳи кишвар барпо намоем.

Имрӯз мавҷҳои шабакаҳои радио ва телевизони Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои кишварро фаро гирифтаанд, ки ин яке аз омилҳои таҳкимбахши ваҳдати миллӣ буда, барои ташаккули тафаккури ягонаи миллӣ нақши муҳим мебозад.

Масъалаи дигаре, ки мехостам дар атрофи он ибрози ақида намоям, ин муайян намудани низоми нави давлатдориамон мебошад.

Маҳз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ заминаи низоми нави давлатдории тоҷикон, яъне асосҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Ин ғояи меҳварӣ дар ҳамин иҷлосия баён гардида, баъдан ба Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид карда шуд.

Дар ин давра мо тавонистем силсилаи меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунандешии сиёсӣ, фаъолияти парламенти касбӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун ва озодии виҷдону эътиқодро аз тариқи Конститутсия дар қонунгузории кишвар таъмин намоем.

Дар ин замина бори аввал дар мамлакат пояҳои устувори яке аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеаи демократӣ, яъне низоми бисёрҳизбӣ гузошта шуданд.

Чун сухан дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ рафт, мехостам чанд нуктаи дигарро вобаста ба ин масъала таъкид намоям.

Албатта, ҳар ҳизб мавқеи хоси сиёсӣ, ақидавӣ ва барномаи худро дорад ва моҳияти низоми бисёрҳизбӣ низ дар ҳамин аст.

Вале дар айни ҳол, ҳизбҳои сиёсӣ бояд манфиатҳои миллӣ, арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва суботу амнияти кишварро аз манфиатҳои маҳдуди ҳизбиву гурӯҳӣ боло гузоранд.

Меъёри ягонае, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро танзим мекунад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имконияти дар фазои демократӣ фаъолият кардани онҳоро фароҳам овардааст.

Аз ин ҷиҳат, ҳизбҳои сиёсӣ бояд мактаби баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум ва намунаи олии риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар бошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо итминони комил метавон гуфт, ки марҳалаи нави эҳёи миллати тоҷик аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад. Тайи ин давра мо тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккул ва тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем.

Дар ин давра ба мо муяссар шуд, ки мақоми забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ баланд бардошта, истифодаи онро дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таъмин намоем.

Дар раванди эҳёи худогоҳиву худшиносии миллиамон қисме аз афрод бар ин ақида буданд, ки мо ба таърих ва гузаштаи худ аз андоза бештар рӯй овардаем.

Набояд фаромӯш кард, ки агар мо гузаштаро дақиқ наомӯхта, равандҳои имрӯзаро воқеъбинона баҳогузорӣ накунем, пас роҳи дурусти инкишофи фардои хешро муайян карда наметавонем.

Дар ҳоле ки пояҳои худшиносии миллии мо осеби ҷиддӣ дида, миллати мо аз асолати худ то ҳадде дур гардида буд, марҳалаи эҳёи ҳофизаи таърихии миллат ва худшиносии миллӣ як зарурати муҳими ҳам милливу таърихӣ ва ҳам давлативу сиёсӣ дониста мешавад.

Ҳамаи ин иқдомҳо ба хотири бар пояи арзишҳои миллӣ ва рӯҳияи ватандорӣ тарбия кардани насли наврас равона шудаанд, то ки миллати мо ба худогоҳиву худшиносии миллӣ ноил шуда, ба асли хеш пайвандад.

Дӯстони азиз!

Акнун мехоҳам ба чанд нуктаи дигари вобаста ба самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдориамон ибрози ақида намоям.

Самти якум, ҳифзи давлатдории миллӣ мебошад. Мо то имрӯз марҳалаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии худро асосан ба анҷом расонидем ва бисёр масъалаҳоеро, ки хоси ин давра буданд, ҳал кардем.

Вале масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи бисёр муҳими ҳаётӣ ҳамоно боқӣ мемонад.

Ин масъала дар шароити мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат ёфтани бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти боз ҳам ҷиддитар касб мекунад.

Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ба мо имкон намедиҳад, ки ҳатто як лаҳза аз масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар ғофил бошем.

Худатон хуб медонед, ки имрӯз дар ҷаҳон чӣ теъдод миллатҳо барои соҳиби ватан ва давлати худ шудан мубориза мебаранд. Бештари онҳо ҳама чизро доранд, вале чун аз давлати миллӣ маҳруманд, бинобар ин аз ҳаёти худ қаноатманд нестанд.

Аз ин рӯ, ҳар миллате, ки соҳиби ватан ва давлати мустақил мегардад, барои он масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳаётӣ касб мекунад.

Самти дуюм ин масъалаи ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Ин масъала хусусан дар раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоотӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Солҳои охир мо шоҳиди он будем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ ба воситаи иттилоот ва бо истифода аз ноогоҳии мардум, махсусан ҷавонон, равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии баъзе кишварҳоро ба чӣ ҳол оварданд.

Дар натиҷаи фаъолияти қувваҳои тахрибкор бузургтарин дастовард, яъне истиқлолияти баъзе кишварҳои олам ба хатар рӯбарӯ шудаааст. Мусаллам аст, ки акнун барои аз чунин ҳолат берун омадани ин кишварҳо даҳсолаҳо лозим меояд.

Аз ин рӯ, мардуми Тоҷикистон бояд аз моҳияти ҷангҳои иттилоотӣ ва равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ огоҳ бошанд ва ҳадафу моҳияти барномаҳои давлатро дуруст дарк намоянд.

Ҷомеа бояд донад, ки давлату Ҳукумат як ҳадафи стратегӣ, яъне дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро асоси фаъолияти худ қарор додааст. Бахусус ҷавонони мо бояд дуруст дарк намоянд, ки манфиати нерӯҳои ғаразноки берунӣ дар чист ва зери ин селоби иттилоот чӣ ҳадафҳо нуҳуфтаанд.

Самти сеюм ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» мебошад.

Дар шароити гуногунфикрии ақидавӣ ва сиёсӣ ба даст овардани чунин ғоя бисёр мушкил ва ҳамеша баҳсангез аст. Вале зарур аст, ки дар ин марҳалаи ҳассос ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ пазируфта шавад.

Зеро маҳз ҳамин ғоя нуктаи пайванд ва маркази иттиҳоди тамоми мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, забон, дин, мазҳаб ва мавқеи сиёсӣ мебошад.

Бинобар ин, ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳифзи суботу амнияти он ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Самти чорум рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҷавҳари фаъолияти ҳамешагии мардуми мо бошад.

Хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ ба даст овардем ва имрӯз шукргузорем, ки дар фазои ин неъмати бузург кору зиндагӣ дорем.

Албатта, иштирокдорони ин раванди мураккаби таърихӣ ва насли калонсоли мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро дидаанд, арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунанд.

Вале акнун замони он фаро расидааст, ки мо арзиши сулҳу оштии миллиро ҳамчун фарҳанги зиндагии мардум ба таври васеъ густариш диҳем.

Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризоияти миллӣ бояд на танҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиматомези намояндагони ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад.

Самти панҷумро метавон сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон» номид. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Самти шашум ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавист.

Имрӯз башарият дар раванди ҷаҳонишавӣ бо омезиши босуръати арзишҳо, андешаҳо ва фарҳангҳо рӯ ба рӯ мебошад. Мо ҳаргиз мухолифи бо ҳам наздик шудани фарҳангу тамаддунҳо ва шинохти ҳамдигар нестем, зеро ин як раванди табиӣ мебошад.

Вале ба сабаби он, ки ин омезишу қаробат дар шароити нобаробари сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ мегузарад, бисёр вақт хусусияти якҷониба гирифта, ҷомеаҳои аз назари иқтисодиву технологӣ заифтар зери таъсири шадиди фарҳангу арзишҳои давлатҳои аз назари технологӣ қавитар қарор мегиранд.

Ба ин сабаб имрӯз ба баъзе арзишҳои асили миллии мо низ хатар таҳдид мекунад. Маҳз бо дарназардошти ин воқеият фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҳуввияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд.

Аз ҷиҳати дигар, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо буда, ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ аз сарвати илмӣ ва фарҳанги умумибашарии Ғарбу Шарқ бояд истифода кунем. Яъне халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад.

Дӯстони азиз!

Бо вуҷуди он, ки дар роҳи таъмини зиндагии шоистаи мардум аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои зиёди созанда амалӣ мешаванд, дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам камбудиву масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд.

Вале ман ба иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик эътимод дорам ва иброз менамоям, ки дар ояндаи наздик мо ҳама якҷо бо заҳмати созандаву ободгарона мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф хоҳем кард.

Мову шумо якҷо сангинтарин рӯзҳои эъмори давлатдории миллиамонро пушти сар карда, имрӯз ба сулҳу суботи сартосарӣ расидем, ки ин неъмати бебаҳо ва дастоварди нодири тамоми халқи тоҷик аст.

Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Бо арзи ҳамин ниятҳои созанда бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони арҷмандро ба ифтихори ҷашни фархундаи 20-солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, барори кор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Доим саломату сарбаланд бошед!

Advertisements