ИДҲОРО БОЯД БА ТАНЗИМ ДАРОВАРД

by Тоҷикзамин

Ва инак чанде баъд, 26 октябр иди шарифи Қурбон ва ё Ид-ул азҳо қудуми муборак ва хуҷастаи хешро бо амри илоҳӣ бар замин мегзорад ва дар ин рӯзи саъид мусулмонони тамоми дунё онро истиқбол ва ҷашн мегиранд.

Албатта дар ҳар кишваре ва дар ҳар манотиқе таҷлили идҳои динӣ ва мазҳабӣ ба таври гуногун сурат мегирад ва мардум бар тибқи одоту анъана ва русуме, ки қабул кардаанд, дар ин рӯзҳои муборак шодкомӣ мекунанд ва дар роҳи Худованди худ даст ба ниёишу истиғфор мезананд.

Ид аз рӯи фармудаи Қуръон дар кишварҳои мусулмонӣ

Таҷлили иди қурбон дар Амороти арабӣ, Арабистони Саъудӣ, Урдун, Сурия, Либиё, Судон, Ироқ, Туркия, Ирону Афғонистон, Покистону қисмате аз Ҳиндустон, Молойзиё ва дигар кишварҳои мусулмонӣ бад-он тарзе, ки дар Қуръон ҳукм шуда ва муфассирин таъкид кардаанд, таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи муборак мардум бо оростану хушбӯй кардани либосу андомҳо аз субҳи содиқ сӯи масоҷид раҳсипор мешаванд ва намози идро ба ҷо оварда, бар сари қубури наздикону пайвандон рафта дуъо мехонанд, пас аз он ба хонаҳои худ бармегарданд ва агар сарватманд бошанд, бо омодагии қаблии хеш бо забҳи ҳайвоне қурбонӣ мекунанд ва ба мардум гӯшти онро тақсим менамоянд.

Иди “тоҷикӣ”

Бо камоли таассуф ва нигаронӣ таҷлили идҳои Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон, ба хусус дар шаҳри Душанбе-пойтахти кишвари азизамон даҳсолаҳост ба мусибате табдил ёфта, камари хонаводаҳои камбизоатро шикастааст, ки то як моҳ аз фаро расидани ин идҳо дар ҳар хонадоне эҳсоси нороҳатӣ ва ғамгинӣ ба мушоҳида мерасад. Ду ҳафта қабл аз оғози ин идҳо нарху навои маҳсулот дар мағозаву бозорҳо боло меравад ва то ду рӯз ба фаро расидани ид дандоншикан мегарданд. Агар ангур ба таври мутавассит як килои он 5 сомонӣ бошад, ҳатман чун солҳои пешин дар ин рӯзҳо то 10-15 сомонӣ боло бурда мешавад. Дигар маҳсулотҳо ҳам гарон гардида, оростани як дастархони идӣ то 300-400 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин барои як хонаводае, ки даромади моҳонаашон аз 800 сомонӣ боло нест, басо душвору камаршикан аст. Ҳатто роҳкирои мусофирон аз Душанбе то дигар манотиқи кишвар ду-се маротиба боло бурда мешавад ва нақлиёти хусусии мусофирбар дар ин рӯзҳои муборак ба қавли худашон “савоб” мегиранд ва мусофиронро ба маҳали зисташон соқу саломат бурда мерасонанд.

Куҳансолон ва сокинони муқимии шаҳри Душанбе мегӯянд, ки солҳои пеш таҷлили чунин як идҳо дар инҷо ба ин шаклу шева роиҷ набуд. Мардум ба таври одӣ хоне ороста, хешовандону шиносҳоро мепазируфтанд ва оёте чанд аз каломуллоҳ дар ҳаққи арвоҳон қироат мегардид. Аммо, чанд сол аст, ки таҷлили бемантиқу масорифи аз ҳад зиёди идҳои Рамазону Қурбон аз дигар манотиқи кӯҳистони кишвар ба ин ҷо мунтақил шуда, имрӯз ба шакли анъана ва расм ба фарҳанги миллии мо дохил шудааст. Ин ки бачаҳо аз субҳ то шом дарвозаҳоро мезананд ва идӣ металабанд, бисёр нороҳаткунанда аст. Занҳо бошанд, рӯзҳо ба хотири омода сохтани хони идӣ чанд бор мемиранду аз нав зинда мешаванд. Магар мо мардуми мутамодӣ чунин як расмеву фарҳанге доштем?

Ид бояд ид бошад…

Воқеан, таҷлили ин ду ид имрӯз барои аксари хонаводаҳо дарди сар эҷод карда, боиси тиҳӣ гардидани киссаи аксари мардум шудааст. Ба хотире, ки аз ҳамсоя таъна нашунавӣ, ҳатман қарз гирифта, дастархон бояд орост ва худро камтар аз дигарон набояд донист. Масрафи беҷо танҳо ба хотири ин рӯзҳо баъдан сарборие ба шонаи хонаводаҳо мегардад, ки иддаи зиёде аз мардум моҳҳо аз ҳисоби кам кардани хӯрока қарзҳои гирифтаашонро бармегардонанд. Бештар занҳо, ки бори рӯзгорро ба дӯш мекашанд, мехоҳанд чун дигар қонунҳои қабулгардидаи иҷтимоӣ дар ин замина низ қонуне қабул карда шавад ва таҷлили ин ду ид бар асоси аҳкоми қуръон ва тақозои талаботи динӣ ба роҳ монда шавад. Агар дар ин бора тасмиме аз тарафи президент қабул нагардад, минбаъд таҷлили идҳои Қурбону Рамазон ба мусобиқае табдил ёфта, буҷаи бе ин ҳам қашшоқи мардумро қашшоқтар мегардонад. Бо камоли таассуф диндорони мо як ё ду рӯз пеш аз ин идҳо тавассути телевизион роҷеъ ба таҷлили ин идҳо каме сухан мегӯянду бо ҳамин корро анҷомёфта меҳисобанд, ки ин комилан ғалат аст. Ҳатман бояд қароре ва ё қонуне қабул кард, зеро ин мардум одат кардаанд, ки бояд дар ин бора президент иқдом намояд.

Мардум мегӯяд, агар як пурсиши умумие аз мардум сурат бигирад, сад фисад бар он боваранд, ки таҷлили бемантиқона ва хурофотӣ дастгирӣ намеёбад. Чун мо дар ҷомеаи демократӣ ба сар мебарем, ҷиҳати ахзи тасмиме чунин як пурсиш бояд гузаронида шавад. Он чи қуръон дар мавриди таҷлили идҳои Рамазону қурбон мефармояд, барои ҳар як мусулмон воҷиб гардонида шуда, ҳаргиз масорифи ҳангуфтеро дар назар надорад. Ид бояд ид бошад, на сарчашма ва сабаби ғамгинии мардум.

Ид, яъне замони тағйир

Дар ривоёти маъруфе аз Амрулмуъминин Алӣ (а) омадааст: “Ҳар рӯзе, ки инсон дар он ба зиштӣ ва гуноҳ олуда нагардад, он рӯз ид аст”. Чаро, ки зиштӣ муҳимтарин бистари зуҳури низоъ миёни одамиён аст ва боиси барҳам хӯрдани оромиши дарунӣ ва берунии инсонҳо мегардад ва ин ҳамон чизе аст, ки бо ид, яъне оромишу шодмонӣ иртибот дорад.

Худи ид замони тағйир аст, тағйироте дар инсону табиат. Ҳаракати табиат ба самти такомул ва ҳаракати инсонҳо ба сӯи илму маърифат ҳамвора бо шодмониву нишот тавъам аст, хоса он ки вақте инсон маънои ҷадиде кашф мекунад ва ин хушӣ тамоми вуҷуди одамиро дар бар мекунад ва он лаҳзаи тозаи ид аст.

Бад-ин хотир вазифаи ҳар мусулмон ин аст, ки таҷлили идҳои диниро бо такя ба гуфтаҳои Қуръон ва муфассирини дини мубини Ислом ба ҷо биёваранд ва чунин як рӯзи саъидро ба рӯзи ғаму андуҳ мубаддал насозанд.

Ба ҳар ҳол, ба ин муносибат фаро расидани лаҳазоти қудсии имон, иди саъиди қурбонро барои ҳар як мусулмоне табрик мегӯем ва ҳамзамон бо таҷлили ин ид мегӯем, ки дар ин рӯзи саъид қалбҳои мо қурбонии муҳаббат, ишқ, самимият ва меҳрубонӣ бар якдигар бошанд.