СИМОИ ФАРҲАНГӢ, СИЁСӢ ВА МИЛЛИИ ТОҶИК

by Тоҷикзамин

Дар воқеъ, ҷомеъаи тоҷикон баъди Аҳмади Дониш, агар устод Айниро низ сарфи назар кунем, тақрибан мешавад гуфт, шахсияти равшанзамиру фарҳангимазҳаберо, ки ҳамчун шахсият барои ҷомеъа кори муҳиммеро анҷом дода бошад, ба миён наовардааст.

Умуман, аз адабиёти замони шӯравии тоҷик ба истиснои таълифоти чанде шоиру нависанда, ба навиштаҳои ҷиддитаре рӯ ба рӯ шудан мушкил аст. Ҳама осори эшон саросар мадҳу ситоиши аҳди шуравӣ ва таърифу тавсифи доҳии пролетариат Ленину Истолин аст.

Агар ба таърифи воқеъии мафҳуми зиёӣ ва фарҳангӣ назар андозем, камтар касонеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба таърифи чаҳорчӯби ин мафҳум мувофиқат кунанд, бар хилофи шахсиятҳое ҳамчун устод Бозор Собир (шахсияту шоири миллӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ), устод Нурӣ (шахсияти динӣ ва миллӣ, сиёсӣ) ва инчунин устод Тоҳир (шахсияти сиёсӣ ва миллӣ, иқтисоддон ва ҷомеъашинос), ки кору афкори эшонро метавон ҳамчун зиёӣ ва шахсиятҳои миллӣ донист.

ғараз ва далоиле, ки ба дунболи эъломи ин афрод ҳамчун шахсиятҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва инчунин зиёии асил ин аст, ки ба ҷуз соҳиби дониши касби хеш будан, боз дорои хислату хусусиёте буданд, ки ин атвор фақат хоси зиёиёни асил аст ва дар дигар афрод агарчанде, соҳиби илм ҳам бошанд, аз ин хасоил бенасибанд.

Се фарде, ки боре ҳам нашуда барои гирифтани унвон ва мансабе талош карда бошанд. Барои соҳиби ҷоиза ва унвоне ва ё мансабе шудан аз касе ситоиш ва мадҳу сано нанмудаанд. Дар ҳоле ки аксари фарҳангиёни ҷомеъаи тоҷик барои соҳиби унвон ва ҷоизае гаштан аз ҳеч мадҳу сано ва чоплусию маддоҳӣ ор намекунанд.

Аз ҳаёт ва фаъолияти устод Бозор метавон чанд мисолеро рақам зад. Замоне, ки устод Бозор ҳамчун Намояндаи халқ дар Шӯрои олӣ фаъолият менамуд, ҳини баррасии масоили доғи рӯз дар иҷлосия аз беадолатӣ ва қонунҳои зидди мардумии вакилони халқ қариб, ки аз чашмонаш ашк мерехт ва бевосита дар ҷараёни иҷлосия бархоста мандати депутатиашро болои мизи раёсат гузошта ва иброз намуд, ки “шумо агар намояндаи халқ бошед, пас ман намояндаи халқ нестам”. Агар иштибоҳ нашавад соли 2003 буд, замоне ки устод аз Амрико ба ватан ташриф оварданд. Ба пешниҳоди шояд ҳампешагонаш буд, устодро ба унвони Шоири халқӣ пешкаш намуданд. Он вақт ҳафтаномаи “Рӯзи нав” фаъолият дошт ва мақолаи устодро зери унвони “Ман шоири халқ нестам” ба чоп расонид. Он ҷо аз ҷумла зикр намуданд, ки “Халқе, ки барои озодшавии Ёқуби Салим дар як они воҳид садҳо имзо ҷамъ намуд, вале барои ман ҳатто тори мӯи касе наҷунбид, пас ман шоири кадом халқам?” ва аз унвони Шоири халқӣ даст кашид. Ба гуфти худи устод:

Ҳар куҷо густурда пояндози ман мавҷи қарсак буд,

Ҳар куҷо густурда пояндози ман авҷи чак – чак буд;

Аз ҳазорон ёри хушгил бар сарам гулдаста меборид,

Аз ҳазорон хирмани гул бар сарам гулдаста меборид.

Ҳар куҷо дасти қаламрони ману таҳсину аҳсан буд,

Ҳар куҷое дасти ман дар дасти ошиқҳои ман буд,

Он қадар дасти маро бигрифта мардум мефишурданд,

К-оби дастам мечакид аз дасти мардум.

Вале бо ин ҳама устод бо таассуфи зиёд иброз медорад:

Кӯтаҳи гап,

Ҳарчи дидам, лек хурсандӣ надидам,

Ҳарчи пӯшидам, нафаҳмидам,

Ҳарчи нӯшидам нафаҳмидам;

Ҳарчи кардам, лек хурсандӣ накардам,

Ҳар куҷо гаштам дилам зиқ буд.

Баъид ба назар мерасад, ки дар байни руҳониён ва диндорон шахсеро битавон пайдо намуд бидуни таассуби мазҳабию динӣ. Аз мушоҳидаи рӯйдоду воқеъоти чӣ ҳозир ва чанд муддате пеш, ки байни Шӯрои уламои кишвар ва хонадони Тураҷонзодаҳо ба вуқуъ пайваст, метавон хулоса намуд, ки таассуби мазҳабию динӣ байни руҳониён то куҷо реша дорад. Ин таассуботи мазҳабӣ ҳам байни руҳониёни шинохтаи тоҷик аст, чи расад ба мардуми авому оддӣ. Яке аз масоили доғи дигари рӯз сару кор гирифтани диндорону руҳониён ба масоли ҷузъии динӣ мебошад, аз қабили пӯшидани сару мондани риш ва дигар масоиле, ки аслан ба усули дин коре надоранд. Ва дину мазҳабро василаи ба даст овардани дунё, ҷоҳу мансаб ва обрӯ қарор додани руҳониён як чизи муқаррарӣ аст, агарчанде дар зоҳир мардумро ба хайру сахо ва бебақоии дунёву ҷоҳ даъват менамоянд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар мазаммати ин тоифа чунин фармудааст:

Мо ки дарбони ҳисори миллатем,

Кофир аз тарки шиъори миллатем.

Шайх дар ишқи бутон ислом бохт,

Риштаи тасбеҳ аз зуннор сохт.

Дил зи нақши ло иллаҳ бегонае,

Аз санамҳои ҳавас бутхонае.

Мешавад ҳар мӯдарозе хирқапӯш,

Оҳ аз ин савдогарони динфурӯш.

Бо муридон рӯзу шаб андар сафар,

Аз заруратҳои миллат бехабар.

Воъизон ҳам сӯфиёни мансабпараст,

Ихтиёри миллати байзо шикаст.

Воъизи мо чашм бар бутхона дӯхт,

Муфтии дини мубин фатво фурӯхт.

Дар ин байн ягона (паст) руҳоние, ки орӣ аз ҳама хасоили данӣ ин устоди марҳум Нурӣ буданд. Боре ҳам нашуда, ки дар маърази ом касе аз забони устод Нурӣ сухане дар боби ҷонибдорӣ аз кадом мазҳабеву равияҳои дин ва масоили ҷузъии динӣ гуфта бошад. Пайдо кардани руҳоние бо нигоҳи миллӣ ва тарҷеҳ додани миллият ва тоҷикиятро ба дигар эътиқодот камназир аст. Ҳамин аст, ки рушантарин баҳоро ба ӯ боз Тоҳири Абдуҷаббор додааст, ки гуфта буд; “Ӯ як шахсияти миллӣ буданд. Касе буд, ки чун манфиати миллӣ пеш омад, ҷасорат намуд ва аз паҳлӯи манофеъи дигари худ, ки манофеъи мазҳабӣ убур кард”. Нигоҳи устод дар боби ҷашну идҳои аҷдодӣ низ мусбат буд, агарчанде руҳониёни дигар ба ҷуз ҷашн гирифтани ду иди динӣ, дигар идҳоро дар қатори мамнуъот ворид менамуданд. Дар маҷмуъ устод Нурӣ дар байни руҳониёни тоҷик ҳамчун шамъи равшангаре дар торикистонҳои таассуботи мазҳабию динӣ буд. Шахсияте буд, ки ҳатто то охирин лаҳазоти умр, қабл аз муҳоҷират ва баъди раҷъат низ зоҳиран ҳам бо як либосу пӯшиш буд. Зеро зоҳиру ботини устод ба ҳам як буданд. Саҳми устод Нуриро дар истиқрори сулҳи тоҷикон касе наметавонад ба ёд наоварад ва инкор карда ҳам битавонад. Беҳтарин неъмате, ки устод барои тоҷикон ҳадя намуд, ин сулҳ буд.

Ҳоло ин сар садо ҳам шунида мешавад, ки устод Нурӣ иштибоҳ кард ва ҷониби дигари сулҳ, яъне ҳукумат ӯ ва ҳамин тавр ҳамаи мухолифони пешинро фиреб дод. Аммо боз ҳам бо вуҷуди ин ҳама интиқодҳо аз шахсияти Нурӣ хушбахтии ӯ дар ин аст, ки касе намегӯяд, ӯ хиёнат кард. Агар иштибоҳ кардааст, чи иштибоҳи зебое, сулҳ. Шояд зеботарин ва пурифтихортарин иштибоҳӣ одамӣ дар таърих.

Ва дигар шахсияте, ки умри хешро сарфи ба даст овардани истиқлоли миллат ва забони тоҷикӣ намуд, ин устод Тоҳири Абдуҷаббор буд. Шахсе, ки барои ӯ истиқлол, забон ва миллат аз ҳама унвону мансаб боло буд. Шахсе буд, ки то охирон нафас барои бедории миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мақолаву таҳлилҳо навишта карда ва як лаҳза аз пайкор ва талош намонд. Боре ҳам нашуда, ки устод Тоҳир забонашро олудаи мадҳу ситоиши соҳибҷоҳу соҳибмансабе намуда бошад. Ва ҳаргиз ҳам касе аз забони ӯ ҳарфи тунду пуче низ нашунидааст. Ва доимо як забону як дилу як рӯ ва ҳамчун куҳ барҷо ва пофишорона аз арзишҳои миллӣ, забонӣ ва иқтисодии кишвар ҷонибдорӣ менамуд. Эҳсоси ватанӣ ва масъулияти миллӣ дошт. Зиндагии сахт дар Тоҷикистонро ба ҳаққи шаҳрвандӣ дар кишварҳои дигар тарҷеҳ дод.

Маҳз зиёӣ ҳамин гуна афродро гуфта мешавад. Зиёӣ ва фарҳангӣ ин танҳо доштани илм нест, балки дар ин баробар дорои хасоили хоси инсонӣ, адолатхоҳӣ ва ростию поквиҷдон будан низ шарт аст. Зиёӣ набояд маддоҳ, чоплус ва ситоишгари мансабдорон бошад. Умуман, дар симои чунин афроде чун Бозор, Нурӣ ва Тоҳир метавон симои воқеъии шахсияти фарҳангӣ, миллӣ ва сиёсию иқтисодиро мушоҳида кард.