Tojikzamin

ВАЗОРАТИ МАОРИФ, ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА ЗАБОНИ МИЛЛӢ

Аллома Иқболи лоҳурӣ дар мавриди шинохти худӣ, ки асли пешрафт ва бедории миллат аст, менигорад:

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,

Ҳар чи мебинӣ зи асрори худист.

Хештанро чун худӣ бедор кард,

Ошкоро олами пиндор кард.

Саргузашт ва осори Иқболи лоҳурӣ боиси ибратомӯзист. Иқбол, ки фориғуттаҳсили донишгоҳҳои бонуфузтарини ҷаҳон аст, билохира маънии ҳаётро чунин хулоса намудааст, яъне дар шинохти арзишҳои худӣ ва бедору зинда кардани фарҳангу забони хеш.

Аммо мутаассифона имрӯзҳо ба назар мехӯрад, ки агарчанде дар зоҳир таввасути телевизион ва матбуот аз забони ба истилоҳ фарҳангиён сухан аз шинохти фарҳанг, забон ва либоси миллӣ меравад, вале дар амал кор ба ранги воруна аст. Ин ҷо мехостам бештар инони таваҷҷуҳи хонандаи азизро ба суи пӯшиши либоси миллӣ ва забони тоҷикӣ бикашам. Сару садое, ки тайи солҳои ахир дар макотибу донишгоҳҳо дар мавриди пӯшиши либос ба вуқуъ пайваст ва алъон ҳам идома дорад, бештар ҳар фарди ҷомеъаро ба фикр водор месозад. Аз забони ниҳодҳои фарҳангӣ ва маъориф дар бораи либоси ғайри миллӣ будани ҳиҷоб ва бархе либосҳои дигар суханҳои мухталиф ба самъ мерасад. Акнун хуб, инҳо либоси ғайритоҷикианд, моро мутмаин намудед, вале суоли ман аз вазири муҳтарами маориф ҷаноби Нуриддин Саидов ин аст, ки оё ҳамин мини юбка ва ҷинсҳои танге, ки духтарони навраси тоҷик ба бар мекунанд, либоси миллии тоҷикӣ аст? Оё худи ҳамин шиму костюм ва галстук низ либоси миллӣ ва тоҷикианд? Агар ҷанобашон серкору дар тараддуд бошанд, ҷавоби ин суолро аз Фарҳод Раҳимов, ки ба ҷавоб гуфтани матлабҳо ба таври гузоришӣ ва ба тафриқаандозӣ муттаҳам сохтани касоне, ки камбудиҳои ин вазоратро рӯи коғаз меоранд, машғул аст, бо як калимае посух бидиҳад, ки ҳа ё не?
Read the rest of this entry »

Advertisements

ИДҲОРО БОЯД БА ТАНЗИМ ДАРОВАРД

Ва инак чанде баъд, 26 октябр иди шарифи Қурбон ва ё Ид-ул азҳо қудуми муборак ва хуҷастаи хешро бо амри илоҳӣ бар замин мегзорад ва дар ин рӯзи саъид мусулмонони тамоми дунё онро истиқбол ва ҷашн мегиранд.

Албатта дар ҳар кишваре ва дар ҳар манотиқе таҷлили идҳои динӣ ва мазҳабӣ ба таври гуногун сурат мегирад ва мардум бар тибқи одоту анъана ва русуме, ки қабул кардаанд, дар ин рӯзҳои муборак шодкомӣ мекунанд ва дар роҳи Худованди худ даст ба ниёишу истиғфор мезананд.

Ид аз рӯи фармудаи Қуръон дар кишварҳои мусулмонӣ

Таҷлили иди қурбон дар Амороти арабӣ, Арабистони Саъудӣ, Урдун, Сурия, Либиё, Судон, Ироқ, Туркия, Ирону Афғонистон, Покистону қисмате аз Ҳиндустон, Молойзиё ва дигар кишварҳои мусулмонӣ бад-он тарзе, ки дар Қуръон ҳукм шуда ва муфассирин таъкид кардаанд, таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи муборак мардум бо оростану хушбӯй кардани либосу андомҳо аз субҳи содиқ сӯи масоҷид раҳсипор мешаванд ва намози идро ба ҷо оварда, бар сари қубури наздикону пайвандон рафта дуъо мехонанд, пас аз он ба хонаҳои худ бармегарданд ва агар сарватманд бошанд, бо омодагии қаблии хеш бо забҳи ҳайвоне қурбонӣ мекунанд ва ба мардум гӯшти онро тақсим менамоянд.
Read the rest of this entry »

ИҶЛОССИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ “ДАВЛАТИ МОРО АЗ ХАТАРИ БАЙН РАФТАН ВА МИЛЛАТАМОНРО АЗ ПАРОКАНДА ШУДАН НАҶОТ БАХШИД”

Суханронии Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.11.2012 11:05, шаҳри Душанбе

(аз саҳифаи www.president.tj)

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд.

Бинобар ин, бо камоли самимият бистумин солгарди ин иҷлосияи таърихиро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон, ки дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми бузург гузоштаанд, самимона табрик гуфта, барояшон муваффақияту комёбиҳои шоиста орзу менамоям.

Имрӯз бо гузашти бист сол барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рӯйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дурнамои тараққиёти он хулосаҳои зарурӣ барорем.
Read the rest of this entry »

СИМОИ ФАРҲАНГӢ, СИЁСӢ ВА МИЛЛИИ ТОҶИК

Дар воқеъ, ҷомеъаи тоҷикон баъди Аҳмади Дониш, агар устод Айниро низ сарфи назар кунем, тақрибан мешавад гуфт, шахсияти равшанзамиру фарҳангимазҳаберо, ки ҳамчун шахсият барои ҷомеъа кори муҳиммеро анҷом дода бошад, ба миён наовардааст.

Умуман, аз адабиёти замони шӯравии тоҷик ба истиснои таълифоти чанде шоиру нависанда, ба навиштаҳои ҷиддитаре рӯ ба рӯ шудан мушкил аст. Ҳама осори эшон саросар мадҳу ситоиши аҳди шуравӣ ва таърифу тавсифи доҳии пролетариат Ленину Истолин аст.

Агар ба таърифи воқеъии мафҳуми зиёӣ ва фарҳангӣ назар андозем, камтар касонеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба таърифи чаҳорчӯби ин мафҳум мувофиқат кунанд, бар хилофи шахсиятҳое ҳамчун устод Бозор Собир (шахсияту шоири миллӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ), устод Нурӣ (шахсияти динӣ ва миллӣ, сиёсӣ) ва инчунин устод Тоҳир (шахсияти сиёсӣ ва миллӣ, иқтисоддон ва ҷомеъашинос), ки кору афкори эшонро метавон ҳамчун зиёӣ ва шахсиятҳои миллӣ донист.

ғараз ва далоиле, ки ба дунболи эъломи ин афрод ҳамчун шахсиятҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва инчунин зиёии асил ин аст, ки ба ҷуз соҳиби дониши касби хеш будан, боз дорои хислату хусусиёте буданд, ки ин атвор фақат хоси зиёиёни асил аст ва дар дигар афрод агарчанде, соҳиби илм ҳам бошанд, аз ин хасоил бенасибанд.
Read the rest of this entry »

ШИРИНШО ШОТЕМУР – ҚАҲРАМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Нахустин видео аз Шириншо Шотемур 

Ин навори видеоиро пажӯҳишгари ҳаёт ва фаъолияти Шириншо Шотемур журналист ва нависанда Қурбони Аламшо муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи пажӯҳишгар, ин ду навори видеоӣ дар бойгонии давлатии симо ва сурати шаҳри Красногорски вилояти Масакав нигоҳдорӣ мешаванд. Вай афзуд, дар яке аз ин тасвирҳо Шотемур ҳангоми таҷлили 19-солагии Инқилоби Октябр дар Душанбе ва дар дигаре дар вокзали Қазони Маскав дар қатори даъватшудагони анҷумани ҳизбӣ дар соли 1930 акс ёфтааст. Боз хонед (аз саҳифаи радиои “Озодӣ”)…

Ҳайкали Шириншо Шотемур дар ш. Хоруғ

Мудири шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги чумҳурӣ Музаффар Азизов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба муносибати 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур моҳи июни соли равон дар боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Хоруғ хайкали ёдгории ӯ гузошта хоҳад шуд. Баландии ҳайкал 4 метр мебошад. Боз хонед (аз саҳифаи АМИТ “Ховар”)…

Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана

Шириншо Шотемур. Приходится признать, что об этом имени мы больше слышали, чем знаем. 27-го октября в Москве почтили память великого сына таджикского народа и истинного патриота нашей страны, основателя таджикской государственности Шириншо Шотемура. Боз хонед (аз саҳифаи “Азия-ПЛЮС)…

ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузӯрги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузашгони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс ба намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

Аз шоирони муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо абёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Бо фарорасии фазоӣ мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳадати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робита бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар меъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модар аст. Дар ин маврид шоири шинохта Камол Насрулло гуфтааст:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора-пора байни фарзандон?

Read the rest of this entry »

ПАРЧАМИ МИЛЛИРО БОЯД ЭҲТИРОМ КАРД!

Ҳафтаҳои охирин баъзе аз блогерҳои тоҷик (оё ҳақиқатан онхо тоҷик ҳастанд?) оиди рамзҳои миллии Тоҷикистон бахс мекунанд. Баъзе аз ин блогерҳо хатто пешниҳод карданд, ки парчами давлатии мо иваз шавад.

Аз шунидани чунин пешниҳодҳо ман шахсан бетараф мондан наметавонам. Дар ҷавоб ба чунин “ватандӯст”-он ман дар ин ҷо якчанд ҳисса аз матни паёми телевезионии Президент ба муносибати Рӯзи Парчам (соли 2011) чоп мекунам.

Афсӯс ки баъзе аз шаҳрвандони кишварамон то ҳол эҳтиром  кардани рамзҳои давлатиро, хусусан парчами миллӣ, ёд нагирифтаанд. Парчам ин як чизи муқаддасу тағьирнаёбанда аст. Рангҳое ки мо имрӯз дар парчам мебинем таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷикро инъикос менамоянд. Одамоне ки давлату халқу миллаташонро дӯст медоранд ҳеч вақт тарафдорони иваз кардани парчами миллӣ намешаванд!

Албатта, Шумо метавонед суханҳои президентро қабул накунед. Лекин суханҳое ки ман инҷо овардам пурра дуруст мебошанд.

Паёми телевизионӣ ба муносибати рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

(23.11.2011, шаҳри Душанбе)

Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.

Вақте ки мо имрўз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.

Read the rest of this entry »