ТАҲИЯИ РӮЙХАТИ ЗИЁИЁНИ ТОҶИК

by Тоҷикзамин

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба муовинаш Руқия Қурбонова, ки дар гузашта ноиби нахуствазир буд, дастур додааст, рӯйхати зиёиёнро барои мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон – президенти Тоҷикистон омода кунад.

Бар асоси хабари дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, мулоқоти ҷаноби Раҳмон бо зиёиён дар остонаи ҷашни Наврӯз, 20 марти соли 2014, дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, бар асоси дастури Убайдуллоев, рӯйхати иштирокдорони мулоқот бо раисиҷумҳур бояд то 5 март таҳия ва пешниҳод гардад. Соли гузашта ин вохӯрӣ дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе баргузор шуда буд.

Дар баробари ин, раиси Душанбе супориш додааст, дар доираи омодагиҳо ба ин мулоқот дар майдони 800-солагии Маскав шиору овезаҳо насб шуда, ободии гирду атрофаш таъмин гардад.

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён аз соли 2007 ба ин сӯ, соле, ки Эмомалӣ Раҳмонов худро Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ба ҳукми анъана даромадааст. Вале соҳибназарон мегӯянд, ин мулоқот бештар ба маҳфили таърифу тавсиф ва дарди дили шоирону нависандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ табдил ёфтааст.