“ТОҶИКИСТОН” БА ҶОИ “УЗБАКИСТОН” ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

by Тоҷикзамин

Муаррифӣ шудани дастаи мунтахаби Узбакистон дар маросими ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи “Сочӣ” ҳамчун тими Тоҷикистон тавассути муҷрии шабакаи “Россия 1” баҳсҳоеро миёни корбарони интернетии ду кишвар ба миён гузоштааст.

Агар аз як тараф корбарони тоҷик аз зикр шудани номи кишвари худ ҳангоми муаррифии дастаи мунтахаби Узбакистон норозӣ бошанд, аз сӯи дигар корбарони узбакро шиносоии тими миллияшон ба ҳайси дастаи Тоҷикистон нороҳат кардааст. Яке аз корбарони тоҷик бо номи “Ватандӯсти Механдӯст” дар саҳифаи “Платформа” (Фейсбук) дар шарҳи ин қазия гуфтааст, “фардо ба унвонии Вазорати умури хориҷии Русия ҳатман нотаи эътирозии Узбакистон ирсол хоҳад шуд.” Ин корбари тоҷик аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҷрии рус миннатдорӣ кардааст, ки заминҳои бобоии тоҷиконро барои як лаҳза ҳам бошад, ба соҳибонаш баргардонд.

Корбарон ин як хатои фавқулодаи муҷрии русро то ба ҳадде мушкилу мушкилсозтар намудаанд, ки бархе аз онҳо дар идомаи баҳс аз табартақсим шудани заминҳои бобоии тоҷикон ва қарор додани қисмати зиёди он дар ихтиёри узбакону муносибати бади раҳбарони ду кишвар, аз ҷумла масдуд будани марзҳои ин ду давлат ба рӯи сокинони якдигар мисолҳо овардаанд. “Канишка Кушаншах”, яке аз корбарони дигар, ки дар мақоми бетарафӣ қарор гирифтааст, мегӯяд, ӯ бо аксари мардуми тоҷик ошно асту аз нафрати зиёди онҳо нисбат ба узбакҳо хабар дорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, “ин ҳама иғвоангезӣ ва коштани тухми бадбинӣ нисбат ба узбакон дар қалби ҷавони тоҷик аз сӯи як гуруҳи манфиатдор аст.” “Канишка Кушаншах” таъкид кардааст, ингуна таҳрикҳои нафратовари нажодиро ӯ одатан аз сӯи мақомҳои расмӣ мебинад.

Дар ҳамин ҳол, “Хасан Арабакеш”, дар эътироз ба суханони ҳамбаҳси худ гуфтааст, “магар намебинӣ чигуна ақаллиятҳои тоҷикон дар Узбакистон мавриди фишору табъизи нажодӣ қарор доранд ва чигуна артиши ин кишвари ҳамсоя соли 1993 ба хоки Тоҷикистон ворид ва сокинони онро қатл кардааст.”

Вале шумораи нафароне, ки якдигарро ба ҳамдигарфаҳӣ даъват менамоянду инро як хатои муҷрӣ дониста, аз пӯшонидани ҷомаи сиёсӣ ба ин қазия худдорӣ мекунанд, кам нестанд. “Бахтиёр Сатторӣ”, корбари тоҷик гуфтааст, ин қазия барои то ба ин ҳад бузург кардан ниёз надошт: “Бубинед, дар ҳоле қирғизҳо дари худро ба рӯи мо бастаанд, узбаҳо убури мошинҳои бандшудаи моро тавассути марзи худ иҷоза додаанд.” Ин корбари тоҷик аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, то ингуна баҳсҳоро буруз накунанд. Ӯ илова кардааст, дер ё зуд ин баҳсҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт ва мо бояд ба ҷойи ингуна баҳсҳову ёдоварӣ аз гузашта танҳо ба оянда нигарем.

Дар баробари ин, шаҳрвандони Узбакистон ҳам паста наомада, даҳҳо шарҳу аксҳоеро дар бораи иштибоҳи Дмитрий Губерниев дар Фейсбуку сайтҳои дигар гузоштаанд. Иддае аз онҳо аз он таассуф хӯрдаанд, ки муҷрӣ барои ин иштибоҳаш аслан маъзаратхоҳӣ накард. Вале муаллифи як матлаб дар ilike.uz гуфтааст, ин як иштибоҳ аст, ки набояд онро ба дил наздик гирифт.