ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗАБОНИ МИЛЛАТ

by Тоҷикзамин

Сухан аз забони модарӣ гуфтану шунидан ҳамеша гуворову дилнавоз аст, меҳру муҳҳаббат, эҳсоси гарми касро ба таҳрик меоварад ситоиши забони модарӣ. Дар ин росто, ҳар китобе, ки марбут ба гиромидошту арҷгузории забони модарист, шоистаи мутолиаи амиқу дақиқ бувад ва ин ба муҳаббати кас муҳаббат меафзояд, ҳисси ифтихори ғро нисбат ба забони модарӣ бештар менамояд.

Месазад, ки перомуни ҳар китоби иртиботманд ба мавзўи ситоиши забони модарӣ суҳбате бавусъат дошта бошем, онро барои ҳамдигар тавзеҳ бубахшем, ба муаллифаш сано бихонем. Мўҷиби ифтихормандист, ки забони модарии мо – забони тавонманду пуровозаи тоҷикӣ дар меҳвари бисёр таҳқиқоту рисолаву китобҳо қарор гирифтааст ва сазовори ситоиши абармардону донишварони зиёди ҷаҳони илму адаб ва сиёсат гардидааст. Андар ситоишу бузургдошти забони тоҷикӣ то имрўз китобҳое пурмуҳтавою арзишманд набишта шудаанд ва минбаъд низ набишта хоҳанд шуд, зеро азамату қудрати ин забон ба он дараҷаест, ки ҳаргиз ба гуфтану набиштан тавсифи он поён напазирад. Шарафамандист ҳар қаламкаше, ки дар ин мавзўъ сухане чанд аз сари меҳру ихлос бигўяд.

Ва инак, феҳристи китобҳо андар ситоиши забони тоҷике боз бо як китоби тозае, ки «Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ» ном дораду мутааллиқ ба қалами сиёсатмадор ва муҳаққиқи номвар Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) мебошад, мукаммалтар гашт. Китоб бо пешгуфтори пурмеҳри муаллиф ҳусни оғоз мегирад ва дар он, аз ҷумла, таъкид мегардад, ки забони тоҷикӣ дар арсаи таърих ҳамеша ва дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳамбаста бо тақдири миллат будаасту дар пойдориву устувории халқи тоҷик нақши босазову беназир бозидааст. Забони тоҷикӣ пайванди қавию ногусастанӣ бо тамаддуни халқи тоҷик доштааст ва зиёда аз ин, як омили муҳими шукуфоии тамаддуни ин халқи бостонӣ будааст.

Ин хусусияти умдаи забони тоҷикӣ дар даҳсолаи вопасини садаи бистум, дар овоне, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гашт, боз ҳам равшантар собит гардид.

Яъне, муҳимтарин рукни фарҳанги миллӣ – забони тоҷикӣ дар марҳилаи аввали Истиқлол баҳри эҳёи давлатдории тоҷикон, ташаккулу тақвияти Истиқлолият, бақои миллат, тавсеаи  ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандории аҳли кишвар омили муҳим гардид ва ба як сухан, дар радифи омилҳои дигар дар пояндагиву устувории Истиқлолияти давлатӣ хизмати арзишманд намуд.

Зафар Сайидзода, муаллифи китоби мавриди гуфтугўи мо, моҳияти забони давлатиро дар давраи Истиқлолият дар заминаи суханони пурмеҳру ҳикматрез ва дурандешонаву хирадбунёди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавзеҳ бахшидаст. Ў барҳақ таъкид менамояд, ки дар тақвияти мақоми забони тоҷикӣ ва густариши бавусъати он Савари кишвари тоҷикон кўшишҳои зиёде ба харҷ додаву корҳои мондагору таҳрикбахшеро сомон бахшидааст. Эҳтироми Президенти ҷумҳурии мо нисбат ба забони модарӣ бағоят самимию баланд аст. Ў борҳо таъкид кардааст, ки «забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад» ва аз ҳамагон, ба вижа, ҷавонон такрор ба такрор даъват менамояд, ки «фарҳанги ғании гузаштанони миллати худро хуб омўзанд, аз мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин баҳрабардорӣ намоянд, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгонамон бирасанд».

Иддае аз муҳаққиқон бар он назаранд, ки дар давоми сад соли оянда тақрибан ҳаштод дар сади забонҳои дунё нобуд хоҳанд шуд. «Дар ин ҳолат оё забони тоҷикиро хавфе таҳдид мекунад? Чӣ тавр мо бояд забони модариамонро ҳифз намоему тозаву беолоиш ва қудратманд нигоҳ дорем?» Муаллифи китоби «Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ» кўшидааст, ки ба ин суолҳои ҷиддӣ дар заминаи тавзеҳу ташреҳи суханони Президент Эмомалӣ Раҳмон посух бигўяд. Ва чунон ки аз муҳтавои қисмати аввали китоб – «Нигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ» эҳсос мешавад, ў ба ин муваффақ ҳам шудааст. Бисёр мантиқист, ки муаллиф қабл аз таъкиду тавзеҳи нақши забони тоҷикӣ дар таҳкими Истиқлолият назаре ба таърихи ин забони пурқудрат меафканад ва ишора ба  муҳимтарин марҳилаҳои рушди он мекунад. Ба ин гуна дар қисмати «Нигоҳи мухтасар ба гузаштаи забони тоҷикӣ» таъкид ва собит мешавад, ки зодбуму рушдгоҳи забони модарии мо Хуросони куҳан ва Фарорўд (Мовароуннаҳр) мебошад ва ин марзи бавусът яке аз бостонитарин ҷойгоҳи тамаддуни башарият эътироф гардидааст. Фармуда ва мулоҳизоти таърихнигарони маъруф Наршахӣ, Абўсаиди Абдулҳай, Алиакбари Шаҳристонӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Саид Нафисӣ, Ҷалоли Матинӣ, Бобоҷон Ғафуров, ки дар китоб иқтибос мешавад, ҳамагӣ басо ҷолибу бунёдиянд ва қадимиву тавонманду устувору поянда будани забони тоҷикиро исбот мекунанду тавзеҳ мебахшанд. Чунончи, муаррих ва донишманди маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров зимни таъкиди мавқеъ ва таърихи дерини забони тоҷикӣ дар заминаи асноду авроқи фаровон ва бозёфтҳои археологӣ иброз доштааст, ки таърихи забони тоҷикӣ на дар давраи истилои араб, балки аз қарни шаши қабл аз милод шурўъ мегардад. Пас  аз ташреҳи фишурдаи вазъи забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) дар аҳдҳои тохтутози арабҳо, ҳукмронии Саффориёну Сомониён, Ғазнавиёну Темуриён ва таъкиди хидматҳои бузурги устод Рўдакиву Фирдавсиву Ибни Сино… дар нерубахшӣ ба ин забони ноб ва баррасии ҷуғрофиёи густурдаи забони тоҷикӣ муаллиф ба хулосае мерасад, ки «забони дарӣ бо мурури замон на танҳо ба роиҷтарин ва ҳамагонитарин забони ин марзу бум табдил гардид, балки василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва риштаи васл байни қавмҳову қабилаҳои мухталиф гардид ва ба бино ба тавоноиҳое, ки доштааст ва ҳам аз он хусус, ки ба маҳаллу тоифае мансуб набудааст, дар андак замоне забони расмӣ, дарборӣ ва умумӣ барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунон аз ақсои Ҳинд то Рум гардид ва санадҳову номаҳои расмиву давлатӣ аз Истамбул то Дакан ба ин забон сурат мегирифт. Дар ҳақиқат, забони порсии дарӣ нақши забони байналмилалиро барои тамоми ин минтақаҳо дошт». Дар фароварди ин қисмати китоб З.Сайидзода бо гўшзади он ки истифодаи ифодаи забони тоҷикӣ бар ивази форсӣ ва дарӣ ҳаргиз маънои инкори таърихи дерини ин забонро надорад, балки тоҷикию форсию дарӣ се шохаи як дарахти муқтадиранд, даъват бар ҳамагон мекунад, ки аз забони тоҷикӣ ифтихор бинамоянд ва таърихи онро пайваставу амиқ биомўзанд, забони модариро арҷгузор бошанд.

Қисмате, ки «Роҳбурди посдории забон дар ростои таълимоти Эмомалӣ Раҳмон» ном гирифтааст, мундариҷаи асосӣ ва ҳадафи асли китобро ифода мекунад. Ончунон ки дар оғози ин қисмат омадааст, ҳарчанд забони тоҷикӣ ҳанўз дар даврони Шўравӣ (соли 1989) мақоми давлатӣ гирифта буд, маҳз истиқлолият ва ба вижа, Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба сафи қудрат омадани ҷавонмарди ҷасуру ватанпарвар ва фарҳангдўст Эмомалӣ Раҳмон барои воқеан ҳам мақоми шоиста пайдо кардану тамоми соҳотро фаро гирифтани он имконоти мусоид ва созгор фароҳам овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон татбиқи  Қонуни забон зери назорати ҷиддӣ гирифта шуд. Бо ибтикори Сардори давлат дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон паи ҳам асноду дастурҳои муҳим ва таконбахш таҳия ва қабул карда шуданд. Аз ҷумла, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат Имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 октябри соли 2009 бо имзои Президенти ҷумҳурӣ Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Чунон ки З.Сайидзода зикр мекунад, таваҷҷуҳ ба масоили марбут ба забони давлатӣ ва гиромидошти он дар меҳвари сиёсати Президенти мамлакат қарор дорад. Дар китоби мавсуф аз ин лиҳоз таъкид шудааст: «Президент Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бар ҳайси роҳбари сиёсии кишвар ба ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи ў бар масобаи яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён аз мавқеияти хосае бархурдор мебошад». Ҳамин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва ҳисси баланди ватанпарварии Президент буд, ки маҳз бо даъвату тасмими ў соли 2008 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардид ва дар ин сол чорабиниҳои муассиру ҳадафгири зиёде баргузор шуданд, ки ба ҳисси хештаншиносию ифтихори миллии аҳли кишвар таъсири ҷиддие гузоштанд.

Президенти Тоҷикистон қариб ҳар сол дар тантанаҳои Рўзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзидаву суханронӣ мекунад. Суханрониҳои Сардори давлат дар ин маврид саршор аз меҳру муҳаббат ва ситоишу ғамхорианд. Пораҳои зиёди суханрониҳои Президентро ба ифтихори Рўзи забони давлатӣ ва дар мавридҳои мувофиқи дигар (вохўрӣ бо аҳли зиё, мулоқот бо аҳли маориф ва мактабиён, таҷлили санаҳои таърихӣ, ифтитоҳи муассисаҳои фарҳангӣ…) метавон ҳамчун андарз ва ҳикмат дар мавриди гиромидошти забони тоҷикӣ пазируфт. Ду далел: «Забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад». «Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн раванд, миллат низ дер ё зуд  тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Зерқисматҳои китоби нави З.Саидзода, ки унвонҳои «Вожапазирӣ ва вожасозии дуруст бо истифодабарии сарчашмаҳои муносиб», «Вожасозӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ», «Иқтибоспазирӣ аз забонҳои хориҷӣ», «Истифода аз луғоту истилоҳоти ҳамзабонон», «Корбаст, таъмин ва назорати забони давлатӣ…», «Беҳтар кардани сифати таълими забон дар низоми омўзиши кишвар», «Меъёр ва ҳусни баён», «Дурусту беғалат нигоштани лавҳаҳо…», «Омўзиши хати ниёгон», «Ҳифз ва зинда сохтани номҳои таърихии ҷуғрофӣ», «Номгузории фарзандон»…-ро гирифтаанд, аз самтҳову ҷанбаҳои гуногуни сиёсати Президент марбут ба забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон ҳикоят мекунанд (аз ин хусус худ номи зерқисматҳо шаҳодат медиҳанд).

Дар охири ин қисмати китоб аз суханони Президенти мамлакат дар ситоишу бузугдошти забони тоҷикӣ намунаҳо замима шудаанд, ки нигоштаву қазоватҳои муаллифро оид ба таваҷҷуҳи Сардори давлат нисбат ба забони тоҷикӣ тақвият мебахшанд.

Боз як қисмати китобро нигоштае бо номи «Чӣ гуна бояд забон омўзем?» ташкил медиҳад. Он мақолаест оид ба имконоти забони тоҷикӣ, қонуниятҳои он, риояи ҳусни баён ва мантиқи гуфтор, ки мутолиаи батаанниаш, ба вижа, ба аҳли қалам ва зиёиён хеле манфиатбор хоҳад буд.

Ду қисмати хотимавии китоб – «Бузургони адабиёти форсу тоҷик дар ситоиши забони дарӣ» ва «Намунаҳое аз ганҷинаи адаби порсӣ»  ба сифати замимае ба мундариҷаи он омадаанд ва воқеан ҳам, боиси боз ҳам мукаммалу пурмазмун ва фарогиртар гардидани ин китоби арзишманд шудаанд.

Китоби «Истиқлоли давлатӣ ва гирмидошти забони модарӣ» дар заминаи меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба забони тоҷикӣ иншо шудааст, он меҳрномаи самимиеро мемонад, меҳрномае, ки пайванди қавӣ бо ғурури ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ дорад, меҳрномае, ки аз неруи таҳрикбахшу ҳидоятгар бархурдор аст, меҳрномае, ки ба кулли хонандагонаш таъсиргузор хоҳад буд…