МАСҶИДҲОИ ‘ҲУМУМАТӢ’?

by Тоҷикзамин

Рӯзи ҷумъа, 29-уми марти соли 2013, масҷид то ҷое лабрези намозгузорон буд, ки мардум аз набуди ҷой дар беруни дарвоза саф меоростанд. То оғози намоз 5 дақиқаи дигар монда буд.

Осемасарона наздики масҷид шудам ва садои имом-хатиб тавассути баландгӯ ба гӯшам расид, ки канда-канда хабареро қироат мекард: “…мавзӯи асосии сӯҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд… Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад. Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид. Лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, ки тайи 2-3 соли оянда бояд амалӣ гардад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ номида шуд…”

Ин хабари васеъ аз рӯи варақ тавре хонда шуд, ки пас аз итмомаш дақиқае зиёдтар тавсифи шахсияти №1-и кишвар ва таҳмили як идеология болои ҷамоат дар минбари масҷид авҷ гирифт. Ростӣ, аз ин зиёдашро интизор набудам. Наход, мансабдорони имрӯз хабари расмиеро аз ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ашқобод, ки 20 марти соли равон сурат гирифта буд ва он тариқи садо ва симо пахш гардид ва борҳо такроран аз ҷониби ровиён хонда шуд, дигарбора қироати онро аз ҷониби имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур раво бинанд. Магар масҷид маҷлисгоҳ аст? Масҷид дастгоҳи таблиғотии сиёсати ҳукумати имрӯза аст? Ё акнун дарк намудаанд, ки баромад намудан аз минбари хонаи Худо ва ба ин васила хостаҳои худро ба мардум расонидан нисбат ба радио ва телевизион муассиртар аст? Ин аст, мантиқи эшон?

То дирӯз дар Тоҷикистон масъулин ҷор мезаданд, ки кишвари мо дар минтақа аз ҷиҳати теъдоди масҷид дар ҷои аввал аст. Пас, суоле ба миён меояд, ки ба 3 ҳазору 894 адад расонидани шумораи масҷидҳои ҷомеъву панҷвақта дар кишвар ба хотири таблиғи сиёсат нест? Ин аст ягона василаи таъсиррасонӣ ба мардум? Ин аст “дурустии” коратон, ки зӯракӣ сурат мегирад? Аҷаб не, рӯзе чунин шева болои ходимони миллат дарди сар эҷод накунад? Аз ин лиҳоз мебояд болои чунин ғояи пешгирифта амиқан андеша кард.

Имрӯз натанҳо ибодатгоҳҳои пойтахт, балки бештари масоҷиди ҷумҳурӣ ягона минбаре дониста мешавад, ки ҳафтае як маротиба он ҳам давоми як соат ва ҳатто ним соат мардум дар он ҷамъ омада, ба мавъизаҳои имомхатибон гӯш меандозанд. Вале ҷамоат аз шинохти ислом, ахлоқи ҳамида ва ҳаёти ибратомӯзи Пайомбарамон (с) канор монда, ба ҳарфҳои сиёсатзадагон дода мешаванду дар ин муддат худро на дар хонаи Худо, балки дар бинои ҳукуматие ва ё маҷлисгоҳ тасаввур мекунанд. Маконе, ки ба тадриҷ дар арафаи маъракаҳои сиёсӣ ба дастгоҳи таблиғотии хукуматдорон табдил меёбад.

Акнун чанд ҳафта инҷониб ходимони масҷид мавъизаҳояшонро ба итмом расонда, бар пояи супориши ҳукуматдорон ба қироати гузоришҳои расмӣ мегузаранд? Аҷаб не, имомхатибон “супориш супориш аст гуфта” то охири сол ба ин шева корашонро идома диҳанд. Ин дар ҳолест, мардум ба хотири адои намози ҷумъа мехоҳад, муддате аз супоришҳои роҳбари корхонааш канор рафта, яъне аз корҳои дунявӣ фориғ шудаву лаҳзае гӯш ба фармудаҳои Холиқаш диҳад. Аммо, афсӯс, эшон минбари исломро ба минбари сиёсат табдил додаанд, ки ин шева ба манфиати корашон нахоҳад буд. Аудиторияи асри 21 ба хубӣ шоҳид аст, ки дар Тоҷикистон чӣ ҳодиса мегузарад. Вале таҷриба нишон додааст, ки хостаҳои худро наметавон тариқи маҷбурӣ болои аудитория таҳмил карда, халқро ғуломи сиёсат кард.