ТО ҲАРФ ЗАНАД БА ТОҶИКӢ ТИФЛИ ШУМО…

by Тоҷикзамин

Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад. Барои ҳамин дақиқ омўхтани забон, бахусус, имлои забони тоҷикӣ барои ҳар як фард талабу тақозои замон аст. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад».

Роҳҳои забономўзӣ хеле зиёданд ва ҳамааш ба худи шахс вобаста аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии нутқи саҳеҳ аз оила вобаста аст. Агар дар оила аз ибтидо ба ҳар ҳарфу сухани кўдак таваҷҷўҳ зоҳир карда шавад, минбаъд дар мактаб нутқи хонанда ба зудӣ ташаккул меёбад. Мавқеи муҳимро дар забондонӣ ва ташаккули нутқи хонанда омўзгори синфҳои ибтидоӣ ишғол мекунад. Муаллим дар рафти таълими фанни мазкур аз роҳҳои навҷўӣ, эҷодкорӣ ва кордонии худ самаранок истифода мебарад. Дар оила, мактаб ва ҷомеа барои кўдак шароите созмон бояд дод, ки ба омўзишу такмили забони тоҷикӣ мусоидат кунад. Зеро ки шоир фармудааст:

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

«Ҳеҷ фақре сахттар аз нодонӣ нест» гуфтаанд бузургони мо. Камдонӣ ё нодонӣ аз камхонист. Агар мо пайваста дар омўзиш набошем, забонамон бурро, табъамон латиф намешавад ва аз ҳама муҳимаш, захираи луғавиамон коста мегардад. Яке аз вазифаҳои нахустин дар ҷодаи арҷгузории забони модарӣ ғанӣ ва поксозии таркиби луғавии забон аст. Таркиби луғавии забони шахс он вақт бой мешавад, ки бештар рўзномаву маҷалла ва асарҳои бадеиро мутолиа намояд.\

Вақте ки кўдак бори нахуст паси мизи мактабӣ менишинад, донишҳои нахустин, маълумоти нахустин, маҳорату малакаи нахустинро тавассути забони модарӣ ба даст меорад. Аз ин рў, дар нақшаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ омўзиши фанни забони модарӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Аз синфи 1 то 11 барои омўзиши ин фан миқдори зарурии соатҳо ҷудо карда шудааст. Аммо аксари шогирдон нутқи саҳеҳи шифоҳӣ надоранд, гуфторашон саршор аз вожаҳои бегонаю унсурҳои шеваю лаҳҷавист. Баъзе ашхос забонро бо калимаю ибораҳои ғайритоҷикӣ омехтаю дарҳам-барҳам менамоянд, ки аз шунидани онҳо хотири кас ошуфта мегардад. Чунин вожаю ибораҳои махлут ба забони мо чунон часпидаанд, ки худамон бехабар мондаем. Агар ҳар кадоми он вожаҳои аҷнабиро мувофиқи завқу истеъдодамон тарҷума намуда, ба забони софу ноби тоҷикӣ баргардонида, баррасӣ намоем, забонамонро аз нопокию олоишҳо тоза нигоҳ медорем, ки ин нуран ало нур мешавад.

Дар омўзонидани забони ноби тоҷикӣ ба шогирдон нақши китоби дарсӣ ва омўзгор бағоят бузург аст. Омўзгор бояд аз зинаҳои поёнии мактабӣ сар карда, усулҳои дар замири шогирдон парваридани муҳаббати самимӣ нисбат ба забони модариро хуб донад ва ба он диққату эътибори хоса диҳад. Китоби дарсӣ дастури боэътимод ва раҳнамоест, ки аз он хонандагон тавассути муаллим забони шевою гуворо ва асили адабиро меомўзанд. Барои он ки шогирдон бо забони шевою адабии тоҷикӣ озодона ҳарф зада тавонанд, китоби дарсӣ бояд сифати аъло дошта, чун оина поку аз лиҳози забон бенуқсону намунавӣ бошад, ҳар он чизе, ки хонанда нахустин бор аз китоб мехонад, ба он эътимод мебандад, барои ў қонун мебошад, дар зеҳнаш сахт нақш мебандад. Мутаассифона, китобҳои забони модарии синфҳои ибтидоиро варақ зада, кас ба ҳайрат мемонад. Дар онҳо ибора, калима, ҷумла ва матнҳое истифода шудаанд, ки ҳатто, калонсолон аз дарки маънии онҳо оҷизӣ мекашанд. Бархе аз китобҳои дарсии забони модарии синфҳои болоӣ низ аз нигоҳи забон ва тарзи баён, инчунин, овардани қоидаҳо таърифҳои ҳиссаҳои нутқу аъзои ҷумла аз нуқсонҳо холӣ нестанд.