ЛЕНИН ДАР НОҲИЯИ ХАМАДОНӢ

by Тоҷикзамин

Дирӯз ман ба дидани як мактаби тахсилоти умумӣ дар ноҳияи Хамадонӣ рафтам. Аз ҷиҳати тахсилот, мактаби хуб будааст, масъалаҳое дорад, лекин аз ҳад зиёд нест. Масъалаи муҳимтарини он мактаб ахлоқӣ мебошад: дар назди бинояш то хол ҳайкали “бобои” Ленин ҷой дорад.

Ин ҳайкалро дида ман хайрон шудам ва аз директори мактаб пурсидам, кӣ чаро “рафиқи” Ленинро то хол барнаканданд. Аз посухи директор фаҳмидам ки вай худашам то хол “рафиқ” мондааст. Гуфт Ленин поягузории давлати Шуравӣ буд. Гуфт мо тарбияи шуравӣ гирифтаем ва акнун наметавонем аз таърихи 70 соли давлати худ рӯй гардонем.

Ҷавоб надодам ба “рафиқ” директор. Агар ӯ дар 20 соли истиқлолияти ҷумҳурии мо чизе нафаҳмид, аз суханҳои ман хам ягон чиз намефаҳмад.

Мо набояд аз он фаромӯш кунем, ки ҳайкал ин чизи безарар нест. Кӯдаконе ки дар муддати 11 соли хониш хар рӯз Ленинро мебинанд ҳеҷ гоҳ ватандӯстону миллатдӯстон намешаванд. Онхо доимо фикр мекунанд ки мо дар давлати Шуравӣ зиндагонӣ мекунем, яъне давлате ки аз тарафи Русия “матушка” роҳбарӣ мешавад. Ин кӯдакон доимо фикр мекунанд ки “бобои Ленин” кахрамони бузургтарини халқи тоҷик мебошад, ва аз кахрамонҳои аслии миллатамон бехабар мемонанд. Хузури даҳҳо ҳайкалхои Ленин дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо барои тамоми тоҷикони ҷаҳон айб аст!

About these ads