Tojikzamin

ТАҲИЯИ РӮЙХАТИ ЗИЁИЁНИ ТОҶИК

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба муовинаш Руқия Қурбонова, ки дар гузашта ноиби нахуствазир буд, дастур додааст, рӯйхати зиёиёнро барои мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон – президенти Тоҷикистон омода кунад.

Бар асоси хабари дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, мулоқоти ҷаноби Раҳмон бо зиёиён дар остонаи ҷашни Наврӯз, 20 марти соли 2014, дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор хоҳад шуд. Манбаъ мегӯяд, бар асоси дастури Убайдуллоев, рӯйхати иштирокдорони мулоқот бо раисиҷумҳур бояд то 5 март таҳия ва пешниҳод гардад. Соли гузашта ин вохӯрӣ дар бинои Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе баргузор шуда буд.

Дар баробари ин, раиси Душанбе супориш додааст, дар доираи омодагиҳо ба ин мулоқот дар майдони 800-солагии Маскав шиору овезаҳо насб шуда, ободии гирду атрофаш таъмин гардад.

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён аз соли 2007 ба ин сӯ, соле, ки Эмомалӣ Раҳмонов худро Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ба ҳукми анъана даромадааст. Вале соҳибназарон мегӯянд, ин мулоқот бештар ба маҳфили таърифу тавсиф ва дарди дили шоирону нависандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ табдил ёфтааст.

“ТОҶИКИСТОН” БА ҶОИ “УЗБАКИСТОН” ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ

Муаррифӣ шудани дастаи мунтахаби Узбакистон дар маросими ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи “Сочӣ” ҳамчун тими Тоҷикистон тавассути муҷрии шабакаи “Россия 1” баҳсҳоеро миёни корбарони интернетии ду кишвар ба миён гузоштааст.

Агар аз як тараф корбарони тоҷик аз зикр шудани номи кишвари худ ҳангоми муаррифии дастаи мунтахаби Узбакистон норозӣ бошанд, аз сӯи дигар корбарони узбакро шиносоии тими миллияшон ба ҳайси дастаи Тоҷикистон нороҳат кардааст. Яке аз корбарони тоҷик бо номи “Ватандӯсти Механдӯст” дар саҳифаи “Платформа” (Фейсбук) дар шарҳи ин қазия гуфтааст, “фардо ба унвонии Вазорати умури хориҷии Русия ҳатман нотаи эътирозии Узбакистон ирсол хоҳад шуд.” Ин корбари тоҷик аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҷрии рус миннатдорӣ кардааст, ки заминҳои бобоии тоҷиконро барои як лаҳза ҳам бошад, ба соҳибонаш баргардонд.

Корбарон ин як хатои фавқулодаи муҷрии русро то ба ҳадде мушкилу мушкилсозтар намудаанд, ки бархе аз онҳо дар идомаи баҳс аз табартақсим шудани заминҳои бобоии тоҷикон ва қарор додани қисмати зиёди он дар ихтиёри узбакону муносибати бади раҳбарони ду кишвар, аз ҷумла масдуд будани марзҳои ин ду давлат ба рӯи сокинони якдигар мисолҳо овардаанд. “Канишка Кушаншах”, яке аз корбарони дигар, ки дар мақоми бетарафӣ қарор гирифтааст, мегӯяд, ӯ бо аксари мардуми тоҷик ошно асту аз нафрати зиёди онҳо нисбат ба узбакҳо хабар дорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, “ин ҳама иғвоангезӣ ва коштани тухми бадбинӣ нисбат ба узбакон дар қалби ҷавони тоҷик аз сӯи як гуруҳи манфиатдор аст.” “Канишка Кушаншах” таъкид кардааст, ингуна таҳрикҳои нафратовари нажодиро ӯ одатан аз сӯи мақомҳои расмӣ мебинад.

Дар ҳамин ҳол, “Хасан Арабакеш”, дар эътироз ба суханони ҳамбаҳси худ гуфтааст, “магар намебинӣ чигуна ақаллиятҳои тоҷикон дар Узбакистон мавриди фишору табъизи нажодӣ қарор доранд ва чигуна артиши ин кишвари ҳамсоя соли 1993 ба хоки Тоҷикистон ворид ва сокинони онро қатл кардааст.”

Вале шумораи нафароне, ки якдигарро ба ҳамдигарфаҳӣ даъват менамоянду инро як хатои муҷрӣ дониста, аз пӯшонидани ҷомаи сиёсӣ ба ин қазия худдорӣ мекунанд, кам нестанд. “Бахтиёр Сатторӣ”, корбари тоҷик гуфтааст, ин қазия барои то ба ин ҳад бузург кардан ниёз надошт: “Бубинед, дар ҳоле қирғизҳо дари худро ба рӯи мо бастаанд, узбаҳо убури мошинҳои бандшудаи моро тавассути марзи худ иҷоза додаанд.” Ин корбари тоҷик аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, то ингуна баҳсҳоро буруз накунанд. Ӯ илова кардааст, дер ё зуд ин баҳсҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт ва мо бояд ба ҷойи ингуна баҳсҳову ёдоварӣ аз гузашта танҳо ба оянда нигарем.

Дар баробари ин, шаҳрвандони Узбакистон ҳам паста наомада, даҳҳо шарҳу аксҳоеро дар бораи иштибоҳи Дмитрий Губерниев дар Фейсбуку сайтҳои дигар гузоштаанд. Иддае аз онҳо аз он таассуф хӯрдаанд, ки муҷрӣ барои ин иштибоҳаш аслан маъзаратхоҳӣ накард. Вале муаллифи як матлаб дар ilike.uz гуфтааст, ин як иштибоҳ аст, ки набояд онро ба дил наздик гирифт.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗАБОНИ МИЛЛАТ

Сухан аз забони модарӣ гуфтану шунидан ҳамеша гуворову дилнавоз аст, меҳру муҳҳаббат, эҳсоси гарми касро ба таҳрик меоварад ситоиши забони модарӣ. Дар ин росто, ҳар китобе, ки марбут ба гиромидошту арҷгузории забони модарист, шоистаи мутолиаи амиқу дақиқ бувад ва ин ба муҳаббати кас муҳаббат меафзояд, ҳисси ифтихори ғро нисбат ба забони модарӣ бештар менамояд.

Месазад, ки перомуни ҳар китоби иртиботманд ба мавзўи ситоиши забони модарӣ суҳбате бавусъат дошта бошем, онро барои ҳамдигар тавзеҳ бубахшем, ба муаллифаш сано бихонем. Мўҷиби ифтихормандист, ки забони модарии мо – забони тавонманду пуровозаи тоҷикӣ дар меҳвари бисёр таҳқиқоту рисолаву китобҳо қарор гирифтааст ва сазовори ситоиши абармардону донишварони зиёди ҷаҳони илму адаб ва сиёсат гардидааст. Андар ситоишу бузургдошти забони тоҷикӣ то имрўз китобҳое пурмуҳтавою арзишманд набишта шудаанд ва минбаъд низ набишта хоҳанд шуд, зеро азамату қудрати ин забон ба он дараҷаест, ки ҳаргиз ба гуфтану набиштан тавсифи он поён напазирад. Шарафамандист ҳар қаламкаше, ки дар ин мавзўъ сухане чанд аз сари меҳру ихлос бигўяд.

Ва инак, феҳристи китобҳо андар ситоиши забони тоҷике боз бо як китоби тозае, ки «Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ» ном дораду мутааллиқ ба қалами сиёсатмадор ва муҳаққиқи номвар Зафар Сайидзода (Зафар Саидов) мебошад, мукаммалтар гашт. Китоб бо пешгуфтори пурмеҳри муаллиф ҳусни оғоз мегирад ва дар он, аз ҷумла, таъкид мегардад, ки забони тоҷикӣ дар арсаи таърих ҳамеша ва дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳамбаста бо тақдири миллат будаасту дар пойдориву устувории халқи тоҷик нақши босазову беназир бозидааст. Забони тоҷикӣ пайванди қавию ногусастанӣ бо тамаддуни халқи тоҷик доштааст ва зиёда аз ин, як омили муҳими шукуфоии тамаддуни ин халқи бостонӣ будааст.

Ин хусусияти умдаи забони тоҷикӣ дар даҳсолаи вопасини садаи бистум, дар овоне, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гашт, боз ҳам равшантар собит гардид.
Read the rest of this entry »

Овозамро ба Эмомалӣ Раҳмон медиҳам

Имрӯз ҳамкорам аз мун пурсон шуд, ки дан интихоботи раисҷумҳур овозамро ба ки медиҳам. “Ба Эмомалӣ Раҳмон” ҷавоб додам ман. “Чаро?” пурсид ҳамкорам.

Саволи дуруст аст, ва ман бояд ба ин савол ҷавоб бидиҳам. Сабаби муҳимтарини дастгирии ман аз номзадии “Ҷаноби Олӣ” дар он аст, ки ӯ аллакай аз бист сол зиёд шуд ки давлатро роҳбарӣ мекунад. Чуноне ки халқ мегӯяд, ӯ аллакай аз дуздиву ришвахӯрӣ “сер шуд”. Кӯдакону хешовандонаш ҳам сер шуданд. Акнун ба мардуми оддӣ ҳам кам-кам аз дастовардҳои афзоиши иқтисодӣ мерасад.

Дигар кас раисҷумҳур шавад агар пеш аз ҳама худашро ва кӯдакону хешовандонашро сер мекунад. Дан ин сурат чанд соли дигар мардуми оддӣ сахт алам мекашад.

Ана аз ин сабаб ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам. Раиси сер аз раиси гушна беҳтар аст.

МАСҶИД – САҲНАИ НАВИ РАҲМОН

Эээ, Худо! Дар масҷид ҳам суханҳои имом-хатиб акнун дар бораи Раҳмон. Рӯзи ҷумъа имом-хатиби масҷиди марказӣ қариб ки як соат дар бораи паёми раиси ҷумҳур сухан кард. Шарманда! Телевизорро гирён мекуни – дар он ҷо Раҳмон, ба кӯча мебурои – ҳама ҷо расмҳои Раҳмон, магозаву муассисаҳо ба ҳам – Раҳмон-Раҳмон-Раҳмон… Ягона ҷое ки аз Раҳмон озод буд масҷид. Акнун масҷид ҳам саҳнаи шахсии Раҳмон шуд.

Ман хостам аз имом-хатиб пурсам, ки боиси шармандагӣ нест ки ӯ дар бораи шахси арақхуру бевиҷдон дар масҷид сухан мекунад. Напурсидам. Худо ҳамаашро мебинад. Он одамоне ки масҷидро сирки як клоун кардааанд, пагоҳ ҷавоб медиҳанд.

МАСҶИДҲОИ ‘ҲУМУМАТӢ’?

Рӯзи ҷумъа, 29-уми марти соли 2013, масҷид то ҷое лабрези намозгузорон буд, ки мардум аз набуди ҷой дар беруни дарвоза саф меоростанд. То оғози намоз 5 дақиқаи дигар монда буд.

Осемасарона наздики масҷид шудам ва садои имом-хатиб тавассути баландгӯ ба гӯшам расид, ки канда-канда хабареро қироат мекард: “…мавзӯи асосии сӯҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд… Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад. Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид. Лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, ки тайи 2-3 соли оянда бояд амалӣ гардад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ номида шуд…”

Ин хабари васеъ аз рӯи варақ тавре хонда шуд, ки пас аз итмомаш дақиқае зиёдтар тавсифи шахсияти №1-и кишвар ва таҳмили як идеология болои ҷамоат дар минбари масҷид авҷ гирифт. Ростӣ, аз ин зиёдашро интизор набудам. Наход, мансабдорони имрӯз хабари расмиеро аз ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ашқобод, ки 20 марти соли равон сурат гирифта буд ва он тариқи садо ва симо пахш гардид ва борҳо такроран аз ҷониби ровиён хонда шуд, дигарбора қироати онро аз ҷониби имом-хатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур раво бинанд. Магар масҷид маҷлисгоҳ аст? Масҷид дастгоҳи таблиғотии сиёсати ҳукумати имрӯза аст? Ё акнун дарк намудаанд, ки баромад намудан аз минбари хонаи Худо ва ба ин васила хостаҳои худро ба мардум расонидан нисбат ба радио ва телевизион муассиртар аст? Ин аст, мантиқи эшон?
Read the rest of this entry »

ТО ҲАРФ ЗАНАД БА ТОҶИКӢ ТИФЛИ ШУМО…

Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад. Барои ҳамин дақиқ омўхтани забон, бахусус, имлои забони тоҷикӣ барои ҳар як фард талабу тақозои замон аст. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад».

Роҳҳои забономўзӣ хеле зиёданд ва ҳамааш ба худи шахс вобаста аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии нутқи саҳеҳ аз оила вобаста аст. Агар дар оила аз ибтидо ба ҳар ҳарфу сухани кўдак таваҷҷўҳ зоҳир карда шавад, минбаъд дар мактаб нутқи хонанда ба зудӣ ташаккул меёбад. Мавқеи муҳимро дар забондонӣ ва ташаккули нутқи хонанда омўзгори синфҳои ибтидоӣ ишғол мекунад. Муаллим дар рафти таълими фанни мазкур аз роҳҳои навҷўӣ, эҷодкорӣ ва кордонии худ самаранок истифода мебарад. Дар оила, мактаб ва ҷомеа барои кўдак шароите созмон бояд дод, ки ба омўзишу такмили забони тоҷикӣ мусоидат кунад. Зеро ки шоир фармудааст:

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

«Ҳеҷ фақре сахттар аз нодонӣ нест» гуфтаанд бузургони мо. Камдонӣ ё нодонӣ аз камхонист. Агар мо пайваста дар омўзиш набошем, забонамон бурро, табъамон латиф намешавад ва аз ҳама муҳимаш, захираи луғавиамон коста мегардад. Яке аз вазифаҳои нахустин дар ҷодаи арҷгузории забони модарӣ ғанӣ ва поксозии таркиби луғавии забон аст. Таркиби луғавии забони шахс он вақт бой мешавад, ки бештар рўзномаву маҷалла ва асарҳои бадеиро мутолиа намояд.\
Read the rest of this entry »

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.